Дар ҳошияи Конфронси панҷуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои камтараққикарда (LDC) Завқизода З. А. бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ баргузор намуд. Зимни суҳбат Завқӣ Завқизода паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамзамон ҳайати тоҷикистонӣ бо Раиси мудирияти сармоягузории Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд, сармоягузори бузурги қатарӣ — муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ, Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Холдинг» – Шайх Файсал бин Қосим Олӣ Сонӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар, ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ тандрустӣ ва содирот, инчунин истифодаи пурраи захираву имкониятҳои ҳар ду кишвар муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҳия ва амалӣ шудани лоиҳаҳои номбурдаро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд мунтазам пайгирӣ менамоянд.