8 марти соли 2023 дар Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо иштироки сафири Подшоҳии Нидерланд дар Кувайт Лоренс Вестҳоф ва намояндаи доимии Котиби генералии СММ дар кишвари иқомат доктор Асад Ҳофиз брифинг ба муносибати раванди омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (22-24 марти соли 2023, ш.Ню-Йорк) баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар брифинг роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдзода Зубайдулло, Подшоҳии Нидерланд ва намояндаи СММ суханронӣ намуданд. Зимни cуханронӣ сафир оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023, маълумоти мухтасар ироа намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” ошно сохт.
Сафири Подшоҳии Нидерланд низ зимни баромади худ оид ба ҳамраисии кишвараш бо Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар ин самт, инчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар роҷеъ ба масъалаҳои об изҳори қадрдонӣ намуд.
Намояндаи СММ дар Давлати Кувайт дар навбати худ оид ба аҳаммияти Конфронси об ва ғояҳои он суханронӣ намуда, ба ҳамраисии бомуваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодагӣ ба Конфронси мазкур баҳои баланд дод.
Брифинг бо ҳузури доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи Давлати Кувайт баргузор гардид.