
12 марти соли 2023 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири саноат ва сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ оид ба истихроҷи маъдан Холид Ал-Мудайфир баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи дуҷониба, аз ҷумла роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи саноат ва истихроҷи маъданҳо баррасӣ гардиданд.