
14 март дар ҳошияи иҷлосияи 66-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Андрей Храпов мулоқот намуд, хабар дод Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, табодули иттилоот дар хусуси дастгиршавии шаҳрвандони давлатҳо бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, вазъи қочоқи маводи нашъаовар дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ва чораҳои пурзӯр намудани назорати сарҳад муҳокима намуданд.
Зимни мулоқот инчунин ҷараёни омодагӣ ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад, баррасӣ гардид.