Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо намояндаи ЮНЕСКО Нурбек Тилешалиев ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Худоназар Ожимамадов мулоқот намуд. Вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар рушди таълими фанҳои дақиқ дар Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи маориф, инчунин ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо дар ин самтҳо баррасӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зиёдулло Абдулзода қайд намуд, ки муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон таъсири амиқ мегузорад. Аз ин рӯ, татбиқи пурраи муносибати босалоҳият ба таълим, махсусан, дар фанҳои дақиқ омили рушди соҳаи маориф хоҳад буд.
Сипас, миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда ироа гардид.