4 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад. Дар он имкониятҳои сармоягузории ду кишвар муаррифӣ хоҳад шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Форуми мазкур масъалаҳо оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ баррасӣ мегарданд. Инчунин баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат- Тоҷикистону Озарбойҷон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар он соҳибкорони ду давлат дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) вохӯрӣ анҷом медиҳанд.