Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо Роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ — Шайх Туркӣ Ал-Сайлонӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ, тиҷорат ва саноат мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Дар идомаи мулоқот ҷониби саудӣ ҳавасмандии худро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун иброз намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор намуданд.
Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.