
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П. Микаллер мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мубодилаи афкор намуданд.