Аз 4 то 7-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» доир мегардад. Дар он иштироки ширкатҳои кишвариҳои Малазия, Туркия, Русия, Беларусия ва Узбекистон дар назар аст. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ширкатҳои иштирокчӣ маҳсулоти худро дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ ба намоиш мегузорнад. Ширкатҳои пешрафтаи Тоҷикистон имконият доранд, ки дар он маҳсулоти худро муаррифӣ намоянд.
Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ нишон додани патенсиали ширкатҳо, эҷоди равобити тиҷорӣ ва ҷалби технологияҳои муосир дар заминаҳои мухталифи фаъолият маҳсуб меёбад. Сокинону меҳмонон имкон доранд маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук, маҳсулоти кимёии рӯзгор, лавозимоти ороишӣ ва ғайраро харидорӣ кунанд.