Бо мақсади иштирок дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани барномаи консертӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як гурӯҳ намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аҳли фарҳанги Туркманистон аз боғи «Парчами миллӣ», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз боздид намуда, барои худ ҷаҳони маънию таассуроти нек гирифтанд.
Ҳамзамон, аз накҳати гулҳои рангорангу лолаҳои мавсимии хиёбону гулгаштҳои пойтахти маҳбубамон ба ваҷд омада, шоду масрур гаштанд.