Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо Сафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер мулоқот намуд, ки дар он вазъи кунунии ҳамкориҳои ду кишвар, хосатан дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар дод.
Нахуст Абдухолиқ Амирзода ҷаноби Мануэл Микаллерро ба муносибати Сафири ИМА дар Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ба фаъолияти номбуда барору муваффақият таманно намуд.
Гуфта шуд, ки маҳз дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду мамлакат дар самтҳои гуногун имрӯзҳо миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ низ хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла дар ин самт дар кишвар як қатор барномаҳо дар самти пешгирии бемориҳои гуногун фаъолият менамоянд.
Баъдан меҳмонон аз анбори махсуси Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, ки дар он ваксинаҳо нигоҳ дошта мешаванд, дидан ба амал оварданд.