
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л. Қудратов мулоқот доир намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекитсон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти минбаъдаи Бунёди сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин рафти иҷрои протоколи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муҳокима гардид.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд.