Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот намуд. Дар он сатҳи кунунии равобити сиёсиву иқтисодӣ ва таҳкиму тавсеаи васеи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкорӣ баҳри тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба иброз карданд.