
Санаи 17 апрели соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд. Дар ин хусус Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зикр шуд, ки дар рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурӣ нақши Шарикони рушд низ назаррас мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Дафтари ҳамоҳангсозии Барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар самти, беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои зертобеи вазорат, бунёди боғи интенсивӣ, бунёди гармхона, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо картошка, хоҷагиҳои аҳолӣ бо занбўри асал ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд. Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.
Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, ки 18 декабри соли 2012 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба имзо расонида шуд, як саҳифаи наверо дар рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ миёни ду кишвар боз намуд.