Дар ҳошияи ифтитоҳи маросими расмии Намоиши байналмилалии “Китоб Теҳрон”, ки аз 10 то 20 майи соли 2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфияи Давлат бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ ва доктор Аҳмадванд-муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, ки ҳамзамон Раиси Намоишгоҳи байналмилалии китобро ба зимма дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зимни сӯҳбат вобаста ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз қабили дар соҳаи теар, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор суръат гирифт.
Ҷониби Эрон иштироки Тоҷикистонро ба ҳайси “меҳмони вижа” дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Намоиши байналмилалии “Китоби Теҳрон” аз 60 давлати дунё ноширон ширкат меварзанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯзи 11 май Рӯзи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ расман ифтитоҳ мегардад.