Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз натиҷаҳои муҳимтарини нимсола анҷоми таҳқиқоти асосии байналмилалии пешрафти саводи хондан PIRLS 2026 буд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, «таҳқиқот сатҳи хониш, дарки маъно, таҳлил, хулосабарорӣ ва истифодаи маълумоти хондашударо дар байни хонандагони синфи 4-ум арзёбӣ мекунад».
Намунаи таҳқиқоти PIRLS 171 муассисаи таълимиро аз 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ фаро гирифт. Аз онҳо 72 муассиса ё 42 дарсад дар шаҳрҳо ва 99 муассиса ё 58 дарсад дар деҳот ҷойгир мебошанд.
Таҳқиқоти PIRLS яке аз арзёбиҳои байнулмилалӣ дар заминаи омӯзиш аст, ки сатҳи тавоноии донишомӯзонро дар хондан ва дарки матлаб баррасӣ мекунад. Ин таҳқиқот нуқоти қувват ва заъфи донишомӯзони то синфи чаҳорумро барои ниҳодҳои омӯзишии давлатии ҳар кишвар рӯшан мекунад.
Бахтовари Шарифӣ,
радиои «Овози тоҷик»



