Саннаи 10 майи 2023 раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Нахуст Рустами Эмомалӣ, Бердимуҳаммадовро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо боварии комил изҳор намуд, ки сафари нахустини ӯ дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо, масоили ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарламентӣ тақвият бахшиданд.
«Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарии минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд»