Саннаи 29 майи соли 2023 дар толори Вазорати маориф ва илм маросими қадрдонии ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва иштирокчиёни озмун ширкат намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар оғози чорабини вазири маориф ва илм ғолибонро табрик намуда, қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсад аз он саводноккунонии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба шумор меравад.
Дар рафти чорабинии мазкур ба ғолибони даври дуюми озмун ҷоизаҳо ва туҳфаҳои омоданамудаи Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Ҳамчунин, ҳайати тадорукоти озмун аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.