Саннаи 30 майи соли 2023 Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар доираи сафари худ сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон С.Меликов мулоқот кард. Зимни суҳбат оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон, инчунин дурнамои робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.