Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 26- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ зери унвони “Масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии динӣ ва терроризм дар шароити муосир” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овози тоҷик” Шаҳнози Муҳиддин хабар медиҳад.
Конфронси мазкурро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода А.Д ифтитоҳ намуда доир ба моҳияти ин нишаст ва нақши он дар пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конфронс иштирокдорон дар мавзуъҳои “Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистрн , масоили назариявӣ, стратегӣ ва қонунгузорӣ, “ Мазмун , моҳият ва роҳҳои асосии муқовимат ба он”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ омили асосии роҳҳои асосии пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм”, “Ҳамокриҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мубориза ба терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавзуъ суханронӣ намуданд.