Имрӯз дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон студияи таълимии Телевизиони ДМТ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин бора ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ аз ҷараёни ифтитоҳи студияи таълимии Телевизиони ДМТ хабар медиҳад.
Дар маросими кушодашавии бинои студияи таълимии Телевизион Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири кишвар, Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки ба фаъолият оғоз кардани студияи таълимии Телевизиони ДМТ барои дар давраи донишҷӯӣ омода гардидани донишҷӯёни факултаи журналистика ҳамчун мутахассис заминаи мусоид фароҳам меоварад.