Дар шаҳри Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии ИННОПРОМ-2023 ҷараён дорад, ки дар он беш аз 700 ширкат аз тамоми ҷаҳон аз кишварҳои СҲШ иштирок доранд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи гуфтаи манбаъ ҳадаф аз баргузории ҷаласаҳо ва мубоҳисаҳои мавзӯӣ густариши ҳамкориҳои саноатии Русия ва кишварҳои ЕАЭО ва СҲШ, муайян кардани нуқтаҳои нави рушди саноат, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкорӣ, муайян кардани мушкилоти асосӣ дар ин соҳаҳо ва таҳияи роҳҳои рушди онҳо мебошад.
Дар миёни баромадкунандаҳои даъватшуда, муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Суҳайл Хон, муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия А.В. Груздев, намояндагони ва роҳбарони корхонаҳои пешқадами технологии Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии ИННОПРОМ-2023 то 13ғуми июл давом ёфта , дар он ҷониби ТОҷикистон 12 навъи металҳоро пешниҳод менамояд.