Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ — ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров — ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва Абдуллозода Муҳаммадшо — котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ дар Ҷаласаи ҳисоботӣ- интихоботии Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд иштирок намуданд. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки 8 июл дар ин шаҳр 42-юмин Ассамблеяи Генералии Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид, ки дар он президенти нав интихоб карда шуд.
Дар интихоботи мазкур Шайх Талол аз 44 овози интихобшуда 24 овоз гирифта унвони президентиро гирифт.