Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир 10 июл дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуданд. Дар ин бора радиои”Овози тоҷик” дар такя ба МИҲД-и вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар мулоқот миëни роҳбарияти вилоят, вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунид анҷом дода шуд.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони тоҷиктабори Россия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръат ибрози андеша намуд.
Дар мулоқот аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзӣ дар хусуси таъсиси фермаҳои чорвою паранда, ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи сохтмон, корхонаҳои коркард пешниҳодҳои ҷолибу судманд манзур гардид.
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия, Зафар Сайидзода мулоқотро оғоз бахшид ва сипас Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард.