11 июл соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Имоми акбари муассисаи Азҳари шариф шайх Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории илмию таълимӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва ин муассисаи дорои эътибори ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Бо ишора ба мақому мартаба ва нуфузи ҷаҳонии Азҳари шариф таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар таълиму тарғиби исломи васатию муътадил, таҳаммулпазирии динӣ ва мубориза бо ифротгароӣ зоҳир гардид.