Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт баргузор гардид. Хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кувайтро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зарурати табодули сафарҳоро дар сатҳҳои баланду олӣ таъкид намуданд.