Озарбойҷон бо Тоҷикистон самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дорад- чунин гуфт Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ. Дар ин бора радиои»Овози тоҷик» дар истинод ба хабаргузории “Тренд Озарбойҷон” хабар медиҳад.
Чунон ки Рустам Солӣ итминон медиҳад, айни замон дар ҳамкории байниидоравй байни Озарбойчон ва Тоҷикистон «инкишофи пуршиддат» дида мешавад. Соҳаҳои асосие, ки чунин ҳамкориҳоро фаро мегиранд, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва ғайра мебошанд.
Сафири Тоҷикистон ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаи маориф таъкид кард. Дар Донишгоҳ ADA Озарбойҷон даҳҳо донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни тоҷик дар Донишкадаи низомии ба номи Ҳайдар Алиев низ таҳсил доранд.
Илова бар ин, Рустам Солӣ бар зарурати афзоиши табодули мол миёни ду кишвари ба ҳам дӯст ёдовар шуд. Ин ба он вобаста аст, ки доираи васеи молҳои марбут ба тиҷорати мутақобила. Сафир маҳсулоти саноати энергетика ва кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуд.