Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Авруосиёи Рушд (БАОР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Раиси БАОР Илин Денис Вячеславович масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода доданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба вазорати мазкур хабар медиҳад.
Дар ин дидор хостори зиёд кардани маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ шуд.
БАОР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, ҷонибҳо итминон доданд, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк то охири соли ҷорӣ афзоиш медиҳанд.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БАОР ва сохторҳои он 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн. доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаҳои грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 млн. доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.