Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовинони вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба корҳои ҳуқуқӣ ва Осиё Ҳамад Рашид ал-Маррӣ ва Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кувайт дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар дар дидор бо Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт атрофи масоили мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.