КВД БА ҶТ » Амонатбонк » дар нимсолаи аввали соли 2023 ба зиёда аз 13 ҳазор корхонаву ташкилотҳо, беш аз 789 ҳазор нафар нафакагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1, 9 млн.нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 548 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд. Дар ин маврид Сироҷиддин Икромӣ- раиси КВД БА ҶТ » Амонатбонк » дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Сармояи Бонк ба 783,2 млн.сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 29,1% афзоиш ёфтааст. Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, Амонатбонк ба ҳолати 30 июни соли 2023 дар маҷмӯъ 855 чунин нуқтаҳои қабули пардохтҳоро тавассути постерминалҳо фаъол намудааст. Ҳамчунин зимни натиҷагириӣ аз фаъолияти нимсолаи соли равони Амонатбонк Сироҷиддин Икромӣ- раиси бонк гуфт: дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 239 адад ва дар бахши хусусӣ 609 адад постерминалҳо насб карда шудааст, ки гардиши ҳисоббаробаркуниҳои ғайри нақдӣ тавассути онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 26 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 31% афзоиш ёфтааст. Ба ҳолати 30июни соли 2023 шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR- рамз насб шудааст, ба 1 098 адад ва барои шахсони воқеӣ 1 461адад расида, дар ин давра шумораи амалиётҳо 8 877 адад ва гардиши онҳо 1 814 ҳазор сомониро ташкил намудааст.
Зулфия Олимбекова