Дар нимсолаи аввали соли 2023 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ 22 санад ба имзо расонидааст. Дар ин бора Ҷамшед Ҷӯрахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимнан зикр гардид, ки 2 марти соли 2023 дар чаҳорчӯби Конфронси нӯҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Русия баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат масъалахое, ки ҳар ду тараф мароҷ зоҳир менамоянд, мухокима шуданд.
Қобили зикр аст, ки бо мусоидати Палата беш аз 1190 нафар соҳибкорон бо мақсади шиносоӣ бо навтарин технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ аз кишварҳои дигар аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуда, дар бизнес-форумҳо иштирок намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия Анҷумани тоҷирони Тоҷикистониу Русия баргузор мешавад.
Тахмина Амониён