Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ субҳи барвақт оғоз гардид. Дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикичтон фестивали таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ пешкаши сокинони кишвар ва меҳмонон хориҷӣ гардид. Қобили зикр аст ки фестивали оши палав низ яке аз дигар чорабиниҳои имруза ба шумор меравад.