Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анҷумани олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози Тоҷик» Тахмина Амониён хабар дод.
Ҳамоиши мазкурро бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуд.
Фарҳод Раҳимӣдар бораи дастовардҳо ва ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон сухан гуфт.
Ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби Вохурии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст дар Душанбе доир шавад, баргузор гардид.
Дар он рохбарон ва мутахассисони академияхои илмхои Точикистон, Казокистон, Киргизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доранд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба меҳмонон дастовардҳои илми тоҷик пешкаш карда шуда, меҳмонон аз ҷойҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон низ дидан хоҳанд кард.
Барои баргузории ин ҳамоиш дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби масъулин як кумитаи тадорукотӣ фаъолият дорад, ки дар сатҳи зарурӣ баргузории ин ҳамоиш муваззаф шудааст.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мулоқоти машваратии панҷумин солгарди Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад.