Имруз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Вохурии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатхои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вохурии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Маркази дар мавзуи Ноил шудан ба баробарии гендерӣ баргузор гардид. ДАр ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулайхо Боқиева хабар медиҳад.
Дар ин Муколамаи сатҳи байналмилали намояндагони давлатҳои Узбекистон, Туркменистон, Қазокистон ва Қиргизистон ҳузур доранд.
Нахуст раист Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Курбонзода сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро хайрамакдам гуфт.
Бадан Матлубахон Саториён муовини сарвазири кишвар суханрони намуда, роҷеъ ба мавзуи баробарии гендерӣ маъруза карда, нақши занон дар ҳамгирои ва суботи ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Миёна муассир арзёбӣ намуданд.
Сипас Танзила Норбаева Раиси Маҷлиси Сенати Олии Ҷумхурии Узбекистон суханрони кард.
Зимни суханронӣ Танзила Норбаева роҷеъ ба мавзуи обу иқлим сухан гуфта, саҳми занонро дар ин самт суҳим хонда, ин чорабиниро воситаи хубе барои ҳамгироии занони кишварҳои номбурда унвон кард.