Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк бо дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метереологӣ (WMO) Петери Таалас мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба иқлим, энергетика, ҳифзи муҳити зист, омӯзиши пиряхҳо ва тадқиқи онҳоро матраҳ намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ инчунин мусоҳибро бо ҳадафу вазифаҳои ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025” шинос намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар доираи он даъват ба амал овард.