23 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ш. Ню-Йорк бо ҳамоҳангсози махсус оид ба арзёбии мустақил тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 2679 (2023) Феридун Синирлиоғлу мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, бахусус таҳдидҳои аз Афғонистон зуҳуркунанда табодули назар намуданд.
С. Муҳриддин ба самъи намояндаи СММ мавқеи Тоҷикистонро оид ба вазъият дар минтақа расонид.