5 октябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раиси иҷроияи Фонди Саудӣ оид ба рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршадро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо густариши муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ карда, доир ба истифодаи имкониятҳои васеъ ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо Фонди Саудӣ оид ба рушд ва ҷалби сармояи он дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон табодули афкор намуданд.