
Дар ҳошияи ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои озарии худ Ҷейҳун Байрамов мулоқот намд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар платформаҳои бисёрҷониба ва ҳамчунин масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазир Ҷейҳун Байрамов аз мавҷудияти иқтидори васеи сармоягузорӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон хабар дода, қайд кард, ки, аз ҷумла, барои рушди ҳамкориҳои кишварҳои мо дар соҳаи нақлиёт ва логистика имконот мавҷуд аст. Таъкид гардид, ки парвозҳои мустақим аз Боку ба Душанбе дар таҳкими равобити кишварҳо дар заминаи сайёҳӣ нақши бузург доранд.