Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахти кишвар дар доираи татбики тавсияхои барномаи чахорчубаи Сендай оид ба кохиши хатари офатхои таббии барои солхои 2015 2030 конфронси Осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои таббии баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Фарзона Сафарзода хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи конфронс муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд иштирокдонрони ҳамоишро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар кори конфронс намояндаҳои беш аз 30 кишвар, аз он ҷумла намояндаи махсуси ДАбири кулии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табии хонум Мами Мизуторӣ иштирок намуда роҷеъ ба мушкилоти муштараки кишварҳои бесоҳил, аз он ҷумла ба кишвари мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд-Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
Ҳамяччунин иштирокдорони конфронс масъалаҳои вобаста ба татбиқи Барномаи чаҳорчубаи Сендай узви Маркази осиёии коҳиши офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон намудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконе аст, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Конфронси сеюми ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудаанд, эътироф шаванд.