Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Боқириро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.