
Имрӯз дар Маркази илмию таҳқиқотии «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Баррасии масъалаҳои забоншиносӣ дар асарҳои Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора хабарнигории радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амониён аз ҷараёни ҳамоиши хабар медиҳад. Чорабинии мазкурро ноиби Президенти Академияи миллии илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Президент дар муаррифии миллати тоҷик суханронӣ наму.Дар ҳамоиши мазкур олимону нависандагони ҷумхурӣ ҳузур дошта, роҷеъ ба асарҳои Пешвои миллат суҳбатҳо гузаронида шуд. Едовар мешавем, ки рузи 15 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илми ватанӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.