
Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Перезиденти Ҷумхурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир ба Нақши Эмомали Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар арафаи Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Фарзона Сафарзода хабарнигории радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Чорабинии мазкурро Ғафурзода Абдухаллил Давлаталӣ Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханони ифтитоҳ хусни оғоз бахшид .
Дар мизи мудаввар собиқ дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, раиси Шурои машварати дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон профессор Рашид Олимов Сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон , Қазоқистон, Русия, Беларус , иҷрокунандаи вазифаи ҳамозангсози миллии ҶТ оид ба корҳои СҲШ. А Саидмуродзода ва дигар сохторхои дахлдор ширкат варзиданд.