Дар шаҳри Вена чорабинии ҳарсолаи хайриявӣ — «Бозори СММ» барпо гардид, ки намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон, дар чорабинии мазкур ҳам фаъолона иштирок намуд. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Дар намоиш ба меҳмонон намунаҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, хӯрокҳои миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардиданд.