Дирӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Дар ин бора ОТ дар такя ба ВКХ хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар рафти мулоқот омодагии ду кишвар барои густариши бомароми муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.