Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоише зери унвони «Нақши расонаҳо дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон» бо ширкати Низомиддин Зоҳидӣ сафири ҶТ дар ин кишвар ва намояндаҳои расонаҳои Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.Ин ҳамоиш бо садо додани суруди миллии ду кишвар оғоз ёфт.
Низомиддин Зоҳиди зимни суханронӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷаи худ рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эронро яке аз авлавиятҳои худ медонад. Истиқболи сиёсии дуҷониба буд ки имрӯз бо ҳам дар ҳамкории хуб қарор дорем. Ва имрӯз соҳаи нест, ки ду кишвар дар он ҳамкорӣ надошта бошанд ва аз мо ин аст ки тавофуқоти ҳосилшударо иҷроӣ кунем ва фаъолони сиёсии ду кишвар низ иқдомҳои лозимаро чиҳати иҷрои пружаҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо саъй намоянд. Расонаҳо имрӯз забони давлат ҳастанд ва метавонанд дар рушди равобити дуҷониба саҳми бузург дошта бошанд.
Дар ин ҳамоиш хабарнигорони тоҷик Малвинаи Хушқадам мудири бахши форсии радиои «Овози тоҷик», Хуршеда Наҷмиддинзода сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисод, рушди сармоя ва соҳибкории телевизиони Тоҷикистон, Пайрав Назар хабарнигори АМИТ Ховар ва Шоира Раънои Мубориз дар мавриди рушди расонаҳои электронии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд ва дар фарҷом Фурқат Саид овозхони шинохтаи тоҷик бо сурудҳои зебои худ табъи ширкаткунандагони ин нишастро болида намуд