Дирӯз дар шаҳри Анқарa даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор шуданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Дар рафти машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, мудофиавӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.