Дар шаҳри Москва ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид.
Дар ҷаласа самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардида, нақшаи ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ барои соли 24 тарҳрезӣ карда шуд. Тарафҳо доир ба масъалаҳое, ки ҳалли таъҷилӣ талаб менамоянд, изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкории стратегӣ бо Русия дар тамоми самтҳои афзалиятнок манфиатдор буда, омода аст, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкории муназзами байниҳукуматӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.