Дирӯз намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд .
Ҷонибҳо зимни мулоқот мавзуъҳои вобаста ба мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла дурнамои рушди ҳамкориҳо ва ташкил намудани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ва маблағгузории он табодули афкор намуданд.