9 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан, барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе мегардад. Дар ин бора ба Радиои «Овози тоҷик» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
10 январи соли 2024 сафари расмии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақан Фидан аз гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз хоҳад кард.
Дар рафти сафар вазири корҳои хориҷии Туркия бо ҳамтои худ мулоқот менамояд. Ҳамчунин ӯ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад.