16 январи соли 2024 ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии ноиби Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Маргаритис Схинас ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба радиои » Овози тоҷик» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти ин сафар бо Вазири корҳои хориҷӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо баргузор мешаванд, ки дар рафти он роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.